Кӯлоб: вохӯрӣ бо кормандони мақомоти андоз
Кӯлоб, 6.05. 2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бахшида ба рӯзи мақомоти андоз раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дирӯз бо кормандону нозирони андози минтақа ва шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ- сари вақт ҷамъоварии андоз, ҷамъоварии андоз аз андозсупорандагон, иҷрои нақшаи андоз, инчунин ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси шаҳр А.Раҳмонов изҳор дошт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ бо саъю кӯшиши кормандони нозироти андоз ба ҷои 3 млн. 283 ҳазору 92 сомонӣ 3 млн. 515 ҳазору 694 сомонӣ ба бучаи шаҳр ворид шуд, ки 116,% -и нақшаро дар бар мегирад. Зикр шуд, ки дар давоми соли сипаригардида низ нақшаи андоз барзиёд иҷро гардида, боиси сари вақт пардохт кардани маош ва хизматрасонии кормандони соҳаи буҷетӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






