Кадрҳои ҷавон бо ҷои кор таъмин мешаванд

Май 21, 2014 15:41

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои марбутаи донишкада чорабинӣ гузаронида шуд. 
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар чорабинӣ ректори донишкада Ашӯрбой Солиев  афзуд, ки кадрҳои омода намудаи мо пас аз 4 соли таҳсил ба тариқи буҷавӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ равона мешаванд. Корхонаву муассисаҳо ба хатмкунандагони мо талабот доранд ва ин шаҳодати рақобатпазирии мутахассисони омода намудаи мо ва то ба кадом дараҷа сатҳу сифати дониши онҳо ба талаботи меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буданро нишон медиҳад. Маблағи давлат ҳамон вақт самаранок сарф мешавад, ки агар шумо дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият намоед,- илова намуд ректор.
Ба иттилои сармутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии донишкада Н. Абдуллоев имсол 150 нафар  хатмкунандае, ки аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил намудаанд, вобаста ба дархости воридшуда, ба корхонаҳое, ки ниёз ба мутахассис доранд, равона мешаванд. Бояд гуфт, ки хатмкунандагон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Раёсати молияи шаҳру ноҳияҳо барои оғози фаъолияти корӣ роҳхат гирифтанд.
 
 
 

Май 21, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе