Кадрҳои ҷавон бо ҷои кор таъмин мешаванд
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои марбутаи донишкада чорабинӣ гузаронида шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар чорабинӣ ректори донишкада Ашӯрбой Солиев афзуд, ки кадрҳои омода намудаи мо пас аз 4 соли таҳсил ба тариқи буҷавӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ равона мешаванд. Корхонаву муассисаҳо ба хатмкунандагони мо талабот доранд ва ин шаҳодати рақобатпазирии мутахассисони омода намудаи мо ва то ба кадом дараҷа сатҳу сифати дониши онҳо ба талаботи меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буданро нишон медиҳад. Маблағи давлат ҳамон вақт самаранок сарф мешавад, ки агар шумо дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият намоед,- илова намуд ректор.
Ба иттилои сармутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии донишкада Н. Абдуллоев имсол 150 нафар хатмкунандае, ки аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил намудаанд, вобаста ба дархости воридшуда, ба корхонаҳое, ки ниёз ба мутахассис доранд, равона мешаванд. Бояд гуфт, ки хатмкунандагон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Раёсати молияи шаҳру ноҳияҳо барои оғози фаъолияти корӣ роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






