Кафолат барои ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон

Май 17, 2014 09:15

Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.  Аз рӯи маълумоти муовини сардори раёсат ҳамаи 62 нафар сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Дар асоси шартномаи басташуда онҳо ба муҳлати 11 моҳ дар ноҳияи Дмитровский, вилояти Маскав ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд. ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” барои муҳоҷирони меҳнатӣ сафари бехатар, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, ҷои хобу истироҳат ва маоши хубро кафолат дода, расмикунонии ҳуҷҷатҳояшонро пурра ба зимаи худ гирифтааст.

Май 17, 2014 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст