Кафолат барои ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд. Аз рӯи маълумоти муовини сардори раёсат ҳамаи 62 нафар сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Дар асоси шартномаи басташуда онҳо ба муҳлати 11 моҳ дар ноҳияи Дмитровский, вилояти Маскав ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд. ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” барои муҳоҷирони меҳнатӣ сафари бехатар, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, ҷои хобу истироҳат ва маоши хубро кафолат дода, расмикунонии ҳуҷҷатҳояшонро пурра ба зимаи худ гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






