Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсия
Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён кард:
-Дар таълимоти илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия қонуни асосие, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, фахмида мешавад. Истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар асл ҳамагон огоҳ ҳастем, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза зиёда аз дусаду бисту панҷ сол боз арзи вуҷуд дорад.
Нахустин Конститутсияи олами башарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1787 дар заминаи ҷунбишҳои ҷамъиятию сиёсӣ қабул гардид ва аввалин Президенте, ки зимни Конститутсия қасам ёд карду ба маснади президентии Амрико нишаст, ин Ҷорҷ Вашингтон буд.
Суоле пеш меояд, ки чаро тӯли чандин ҳазорсолаҳо мамолики дунё бидуни Конститутсия фаъолият доштанду ду асри охир рӯ ба Конститутсия оварданд?
Ақидаҳои дорои хусусиятҳои объективию субъективӣ тибқи адабиёти ҳуқуқӣ, ки бештари онхо Конститутсияро чун санади синфи ҳукмрон оид ба пойдории ҳокимияти худ маънидод мекунанд, зиёданд. Аммо агар ба ин масъала амиқтар назар андозем, пас дигар омили муҳимеро, ки ба далели устувор асос меёбад, пайдо менамоем.
Сарчашмаи асосии пайдоиши Конститутсия ба шуури ҳуқуқии инсоният, ки дар ду асри пуринқилоб мукаммалтар гардид, вобастагӣ дорад. Пайдоиши Конститутсия ҳамчун тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон низ таърихан дорои конститутсияҳои худ мебошад. Дар раванди таърихи Тоҷикистон бешубҳа конститутсияҳои солҳои 1924, 1931, 1936, 1978 ва Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соли 1991 нақши созандаро бозидаанд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самаранокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад.
6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсия (Сарқонун)-и давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо ташаббуси Cарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз чониби халқ қабул шуд.
Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Конститутсия ба сифати санади олии қувваи ҳуқуқӣ дошта, заминаҳои қонунии пешрафти чомеаро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии мухталиф асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Меъёрҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ пешниҳод намудааст, ки аввалин маротиба дар таърихи таълифи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст, ки ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷҷасум намудааст.
Ҷамъ овардану баҳодиҳии далелҳо дар раванди таҳқиқу тафтишоти пешакӣ барои исбот намудани дараҷаи гунаҳгорию бегуноҳии ашхоси таҳти таъқиби ҷиноятӣқарор дошта, дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бевосита аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад. Зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва одилона дар раванди тафтишоти пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳии инсон пойдевори устувори ҳуқукиро замина мегузорад.
Вақте мо ба таърихи гузашта назар меафканем, ҳодиса ва воқеъаҳои зиёди поймоли ҳуқуқи инсонро мебинем, ки солҳои минбаъда ислоҳ карда шуданд. Аз солҳои 60-уми асри гузашта то имруз қариб 2,5 млн маҳкумшудагони солҳои 30-юми давлати Шуравӣ сафед карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки ин ҷараён то ҳанӯз идома дорад.
Раванди фаъолияти 22-солаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақозогари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармарди асил ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи муҳтарамонаро ишғол намудааст. Дар суханрониҳои худ Сарвари Давлат пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишу ба амалбарории адолати судӣ ҳуқуку озодиҳои инсон қатъиян риоя карда шавад.
Дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайянкунандаи мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, махаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ будани онҳо маънои онро дорад, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифа ва уҳдадории ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад, қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо бошад дар фаъолияти худ пеш аз ҳама бояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба эътибор гиранд, дар ягон маврид фаъолияти онҳо набояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор созад ё маҳдуд намояд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ аз ҳуқуқбунёду демократӣ будани низоми давлатдории мо гувоҳӣ медиҳад. Аз дигар варта ин ибора аз фарҳанги диннию сунатии миллати мо манша мегирад, ки дар китоби Қуръон гуфта шудааст «Мо гиромӣ доштем фарзанди инсонро» ва дар яке аз ҳадисҳои Пайғамбарон омадааст, ки («Мақоми қозии одилу боадолат биҳишт аст») ва ё «Як соата мурофиаи одилонаи додгоҳӣ баробар ба шаст соли тоату ибодат аст».
Аз ин бармеояд, ки Конститутсияи Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалӣ ва фарҳанги оламшумули динию сунатии мо ашхоси мутасаддиро водор месозад, ки аснои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану маҳкум намудани инсон, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати ин Конститутсия симои ҷадиди таърихии худро кашф намуда, роҳи бебозгашти ояндаи дурахшони хешро муайян намуд. Дар Конститутсияи амалкунандаи кишвар диалектикаи замон, раванди демократия ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар замони имрӯза ва оянда таҷассум ёфтаанд.
Ҳамин тариқ, ҷузъиёти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқи инсон маҳаки асосии сохти конститутсионии давлатро ташкил медиҳад.