Картингронӣ барои дарёфти Ҷоми “Согдийская правда”
Хуҷанд, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Соли равон ба нашрияи русии макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Согдийская правда» 80 сол пур шуд. Вобаста ба ин дар қаламрави вилоят чорабиниҳои мухталиф доир гашта истодаанд. Дирӯз дар варзишгоҳи техникии «Формула — К»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси ҳайати эҷодии рӯзнома, бо ҳамдастии кумитаи вилоятии ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиа ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чемпионати кушоди вилояти Суғд оид ба картингронӣ барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Согдийская правда» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ дастаҳои картингронони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва дастаи Ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят иштирок намуданд.
Картингронон аз рӯи панҷ намуд-дар дараҷаи “МИНӢ, ЮНИОР, МИЛЛӢ, KZ ва даставӣ мусобиқа намуданд.
Дар интиҳо дар ҳисоби даставӣ картингронони Ташкилоти вилоятии мададгори мудофиа зинаи аввалро соҳибӣ карданд. Зинаҳои дувум ва севумро дастаҳои ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳрҳои Хуҷанду Исфара соҳибӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






