Кишти зироат вусъат меёбад

Май 21, 2014 15:12

    Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). —  Назар  ба  хабари  Вазорати  кишоварзии  кишвар,   имсол  дар  масоҳати 98 ҳазору  885  гектар  ғалла  кишт  мешавад, ки  ин  назар  ба нақшаҳои  пешбинишуда баробари  7  фоиз  зиёд  аст.
Мувофиқи маълумоти  манбаъ,  сабаби  васеъ  шудани  масоҳати  кишти  ғалла  шароити  мусоиди  обу  ҳаво  аст.
Хотирнишон  месозем, ки  фермерҳои  кишвар  то имрӯз дар  масоҳати 34  ҳазору 600 гектар гандум,  дар  масоҳати  6  ҳазору  800  гектар  ҷуворимакка  ва  зироатҳои  дигар  кишт  кардаанд.

Май 21, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш