Китобҳои Туркманистон ба Китобхонаи миллӣ дастрас шуданд
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ҳайати расмӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Президенти Туркманистонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуд.
Директори китобхона Н.Салимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, перомуни хазинаи Китобхонаи миллӣ ва имконоти он маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз толори намоиши китобии китобхона дидан намуд, ки дар он ҷо адабиёт роҷеъ ба кишвари Туркманистон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Зимни гузоштани соядасти хеш Президенти Туркманистон иброз намуд, ки ин китобхона дар ҳақиқат дар Осиёи Марказӣ яке аз калонтарин китобхона ба шумор рафта, дар сатҳи байналмилалӣ қарор дорад.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Китобхонаи миллӣ 40 номгӯй китобҳои тозанашри хотиравии калонҳаҷмро такдим намуд, ки дар қатори онҳо ду китоби ҷашнӣ бахшида ба 290- солагии поягузори адабиёти туркман Махдумқулӣ «Ғазалиёт бо забони туркманӣ» ва «Тарҷумаи ғазалиёти Махдумқулӣ» бо 24 забон мебошад. Нусхаи ин китобҳо пас аз нашр дар Туркманистон пеш аз он ки ба дасти хонандаи туркман расанд, қаблан ба Китобхонаи миллӣ дастрас гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






