Коллеҷи омӯзгории Душанбе номи Хосият Махсумоваро гирифт
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллозода). – 17 май маросими ботантанаи ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ додани унвон ва ифтитоҳи пайкараи Муаллимаи шоистаи Тоҷикистон, аввалин зани дорои медали ба номи Н.К.Крупская Махсумова Хосият Нусратуллоевна баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Раҳим Масов, директори Коллеҷи омӯзгорӣ Ширин Қурбонова, мудири шуъбаи таърихи навини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров, ҳамсафон ва шогирдони Хосият Махсумова, ҳамчунин дӯстон ва пайвандонаш ширкат доштанд.
Раҳматулло Мирбобоев зимни сухани табрикиаш хидматҳои Хосият Махсумова дар тарбияи занони низоми маорифи ҷумҳуриро қайд намуд.
Академик Раҳим Масов саҳми аҳли оилаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, аз ҷумла духтари мавсуф Хосият Махсумоваро, ки беш аз 30 сол дар Омӯзишгоҳ (ҳоло коллеҷ), — и омӯзгорӣ кор карда, қариб 20 сол вазифаи директори онро ба ӯҳда дошта, ба рушди илму маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст, зикр кард.
Дар маросими ботантана директорони собиқу имрӯзаи муассисаи мазкур Ҳакимова М.Ҳ. ва Қурбонова Ш.И., ҳамчунин шогирдони Хосият Махсумова сухан карда, саҳми бузурги ӯ ба рушди Коллеҷи омӯзгориро қайд намуданд.
Сипас яке аз духтарони Хосият Махсумова, ки дар Коллеҷи омӯзгорӣ кор мекунаду анъанаҳои ин сулоларо идома медиҳад, суханронӣ кард.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






