Коллеҷи омӯзгории Душанбе номи Хосият Махсумоваро гирифт

Май 19, 2014 15:44

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Раъно  Нусратуллозода). – 17 май   маросими  ботантанаи  ба Коллеҷи  омӯзгории Донишгоҳи  давлатии   омӯзгории ба  номи С.Айнӣ  додани  унвон  ва  ифтитоҳи  пайкараи Муаллимаи  шоистаи Тоҷикистон,  аввалин  зани  дорои  медали ба  номи  Н.К.Крупская  Махсумова  Хосият  Нусратуллоевна  баргузор  гардид. 
Дар  ин  маросим  муовини  аввали  вазири  маориф ва  илми  ҶТ  Раҳматулло  Мирбобоев,  директори Институти  таърих,  бостоншиносӣ ва   мардумшиносии ба  номи  А.Дониши  Академияи  илмҳои Тоҷикистон  академик  Раҳим  Масов,  директори  Коллеҷи  омӯзгорӣ  Ширин  Қурбонова, мудири  шуъбаи таърихи  навини Институти  таърих,  бостоншиносӣ  ва  мардумшиносии  ба номи  А.Дониши  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  Абдулло  Ғафуров,  ҳамсафон ва  шогирдони  Хосият  Махсумова,  ҳамчунин  дӯстон ва  пайвандонаш  ширкат  доштанд. 
Раҳматулло  Мирбобоев  зимни  сухани табрикиаш  хидматҳои  Хосият  Махсумова   дар  тарбияи  занони   низоми  маорифи  ҷумҳуриро  қайд  намуд. 
Академик  Раҳим  Масов  саҳми  аҳли  оилаи  Қаҳрамони  Тоҷикистон  Нусратулло  Махсум,  аз ҷумла  духтари  мавсуф  Хосият  Махсумоваро, ки беш  аз  30  сол  дар  Омӯзишгоҳ  (ҳоло  коллеҷ), — и  омӯзгорӣ  кор карда, қариб  20  сол  вазифаи директори онро  ба  ӯҳда дошта,   ба  рушди  илму  маорифи  ҷумҳурӣ  саҳми  бузург  гузоштааст,   зикр  кард.
Дар  маросими  ботантана  директорони  собиқу  имрӯзаи  муассисаи  мазкур  Ҳакимова М.Ҳ.  ва  Қурбонова  Ш.И.,  ҳамчунин  шогирдони   Хосият  Махсумова  сухан  карда,  саҳми  бузурги  ӯ  ба  рушди  Коллеҷи  омӯзгориро қайд  намуданд.
Сипас яке аз духтарони  Хосият  Махсумова,  ки дар  Коллеҷи  омӯзгорӣ   кор  мекунаду  анъанаҳои  ин  сулоларо  идома  медиҳад,  суханронӣ  кард.

Май 19, 2014 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад