Комроншоҳ -муаррифгари Тоҷикистон дар «Тоскулоҳи бузург»
Душанбе, 07.05.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар назар аст Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо дар Боку иштирок кунад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи аввал аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург», ки моҳи феврал дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуда буд, ноком гашт.
Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор шуда, он дувумин мусобиқа дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш ба шумор меравад, ки дар як сол 4 маротиба доир мегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ хоҳад кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ мебинад.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки беш аз 350 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






