Конфронси илмӣ оид ба вазъи истеҳсоли гандум
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалии Осиёи Марказӣ бо унвони «Вазъият ва масъалаҳои соҳаи истеҳсолоти гандум дар шароити тағйирёбии иқлим» ҷараён дорад. Ташкилкунандаи конфронс Барномаи Рушди СММ буда, он дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштарак бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Баланд намудани тобоварии иқлимии соҳаи истеҳсоли гандум барои таъмин намудани бехатарии хӯрокворӣ дар Осиёи Миёна», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ шудааст, мегузарад.
Мақсади асосии конфронс — шинос шудан бо вазъияти кунунии соҳаи истеҳсоли гандум, омӯхтани таҷрибаи давлатҳои Осиёи Миёна, ва инчунин кор карда баровардани чорабиниҳои стратегии ояндадор оид ба ҳалли масъалаҳои рушди устувори соҳаи истеҳсолоти гандум дар шароити тағйирёбии иқлим ва бехатарии хӯроквории Осиёи Миёна мебошад.
Пешгӯиҳои коршиносони иқлимшиносро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки обу ҳавои оянда барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ номусоид хохад шуд. Дар конфронс масъалаҳои муҳими рушди бозори ғалладона, натичаҳои ҳосили соли 2013, маъракаи кишти соли 2014, инчунин масъалаҳои асосии соҳаи пешгӯии агрометеорологӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти гандум дар минтақаи Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Имрӯз иштирокчиёни конфронс ба қитъаи замини лоиҳавӣ дар хоҷагии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор рафта, инчунин бо захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






