Конститутсия ба кашмакашиҳои сиёсӣ хотима бахшид
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Прокуратураи генералӣ ба муносибати 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, олимону мутахассисони варзида, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, адвокатура ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Прокурори генералӣ С.Ш. Одина оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамоиши имрӯза тақвиятбахши чорабиниҳои анҷомёфта ва дарпешистодаи ин гуна силсилабарномаҳо буда, ба 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ бахшида шудааст. Ин санади муҳиму сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум ва роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Баррасии ин масъала дар арафаи таҷлили ҷашни 20 — солагии Конститутсияи ҶТ, ки онро Президенти кишвар қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат номидааст, хеле рамзист.
Дар ҷараёни конфронс таъкид шуд, ки дар Конститутсияи кишвар кафолати риоя ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз ҷумла дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо баён шуданд.
Ҳамзамон ибрози назар гардид, ки бо шарофати қабули Конститутсия кашмакашиҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэтимод гузошта шуд.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






