Конститутсия-раҳнамои ҳаёт

Май 26, 2014 11:58

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Баъди аз байн рафтани давлати Шўравӣ, дар баробари дигар  давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сўи инкишофи мустақилона роҳ гирифт. Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шўрои Олии мамлакат  «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, ин сана ҳамчун рўзи истиқлолияти кишвар  дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. 
Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад. Вале дар ин миён печидани оташи ҷанги дохилӣ дар ин самт мушкилиҳоеро ба миён овард. Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли мамлакатро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.   Сардори давлати навтаъсиси тоҷикон савганди садоқат ба миллату давлат ёд карда,  иброз дошт, ки тамоми гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонида, дар якҷоягӣ Ватани аҷдодиамонро обод, давлату ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун қарор медиҳанд. Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки бархӯрди чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам қабл аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист. Аз ин лиҳоз, баҳри татбиқи мақсадҳои мазкур ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуда, онро барои ҳар чӣ пурраву демократӣ гардонидан ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.  20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо назардошти тағйироту илова,   дархосту пешниҳодҳо 6  ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, халқу давлати Тоҷикистон Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда, хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ки иродаи халқ ифодагари ҳокимияти давлатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи онҳо арзиши олӣ эътироф шудааст, дар он таҷассуми худро ёфтаанд.
 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ин аст, ки бо қабули Конститутсия дар соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти соли 1991 бадастовардаи худро таҳким бахшида тавонист.  
Маҳз дар он заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии инкишоф муайян гаштаанд. Дар ин самт Президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки: «Рўзи шашуми ноябри соли 1994 дар таърихи   Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқўъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирўзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол  сол сипарӣ мешавад. Ин муҳлат барои таърих тўлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Пеш аз ҳама   муҳим он аст, ки ҳаёт дурустии асосҳоеро, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, собит намуда, нишон дод, ки онҳо ҷавобгўи мақсаду мароми мардуми кишвар мебошад. Ба асосҳо инҳо дохил мешаванд: 
1) Эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ; 
2) Арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў; 
3) Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёрӣ будани
халқи Тоҷикистон;
4) Ягонагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Гуногунандешаи сиёсӣ ва мафкуравӣ; 
6) Озодии эътиқод, сухан ва воситаҳои ахбори омма; 
7) Фаъолияти озодии иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои
моликият; 
8) Дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ.
  Конститутсия истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Бояд зикр кард, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор кард. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи қонуни асосӣ эъмори давлати демократӣ,   дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ  мебошад. Чунин интихоб ба  ҳамрошавии мамлакат ба
ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд. Конститутсия шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад. Маврид  ба ёдоварист, ки дар иҷлосияи XVI-уми таърихии Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд институти президентӣ аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин ҷо, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Сарқонун андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст.   Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурўҳи корӣ ду лоиҳа яке «Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурўҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» тарафдорони бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Бояд ёдовар шуд, дар ин ҷо нақши Сарвари Давлат Эмомалӣ   Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурўҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ў ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро исбот кард. Гузашта аз ин,  Сарвари давлат таъкид карда буд, ки «шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрўз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавобгӯст, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси  Тоҷикистон мебошад». 
Бояд гуфт, ки 20 — соли амали Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ дурустӣ ва ба шароити мамлакат созгор будани ниҳоди президентиро собит кард,     ки аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ пайвастанд. Маҳз таи ҳамин солҳо музокирот миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд, шурўъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. 
Созишнома дар баробари ҳалли як силсила масъалаҳои мубрами рўз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ мекард. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки  муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шаванд. Ҳамин буд, ки як гурўҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо ташаббус баромад намуданд. Тағйиру иловаҳо масъалаҳои зеринро дар бар мегирифтанд:  
1 ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, 
 2. низоми давлатӣ,  
3. муқаррароти интиқолӣ 
 4.  таҳриру тасҳеҳ.
    Ҳамин тавр, боз  22 июни соли 2003 ба Конститутсия(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст.  Тавре ки ишора шуд, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қабл аз ҳама масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар гирифта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эълон намуданд. Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад. Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, яке аз нишонаи асосии чунин давлат арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад. Аз ин рў мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тадбирҳои судманд андешанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти малакат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, чун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҳалли монеаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  иштироки фаъолона дошта, бо таъсиси кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар месозад. Ин аст, ки таклифу пешниҳодҳои дурандешонеи Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби ҷаҳониён якдилона пазируфта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари хостгори сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ эътироф гардидааст. Асоси ҳамаи ин комёбиҳои ба дастомада аз манзалати волоияти қонун дар кишвар ва эҳтироми сокинон ба давлату давлатдорӣ маншаъ мегирад. 
Таҷлили 20- солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон худ гувоҳи эҳтиром ба қонун чун раҳнамои ҳаёт дар ҷомеаи кунунист.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 26, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад