Корти теннис- туҳфа ба варзишгарони Суғд

Май 15, 2014 11:24

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  зимни сафар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳраки Ғафуров ба фаъолияти корти теннис ҳусни ифтитоҳ бахшид. Толори мазкур аз ҷониби ҶДММ «Абдурашид» бунёд ёфта, барои рушди ин намуди варзиш дар вилоят мусоидат хоҳад кард. Сохтмони ин иншоот охирҳои соли гузашта оғоз ёфта, бо харҷи 1,5 милион сомонӣ қомат афрохтааст.
Зимни мулоқот бо варзишгарон ва сокинони шаҳраки Ғафуров раиси вилоят таъкид дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди ҳама намудҳои варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои машқу тамрини онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
 

Май 15, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад