Кумаки «Ҳилоли Аҳмар» ба зарардидагон

Май 19, 2014 14:33

         Кӯлоб,  19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ҳамасола аз ҷониби ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари ҶТ  дар минтақаи Кӯлоб моҳвораи «Ҳилоли  Аҳмар» роҳандозӣ мегардад, ки  масъулини ҷамъият бо  аҳолии ҷамоатҳо вохӯрда, ба оилаҳое, ки дар натиҷаи  офатҳои табиӣ зарар  дидаанд, кумакҳои иҷтимоӣ мерасонанд.  
Ба иттилои  котиби иҷроияи  ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб   Зайниддин Олимов, ҷамъияти мазкур ба зарардидагони офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб кумак расонид.  То ин дам ба 70 оила дар ноҳияи Шӯрообод, 65 оила дар ноҳияи Восеъ,  40 оила дар ноҳияи Ҳамадонӣ  ва ба 50 оилаи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб  кумаки яквақтаи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ  расонида шуд.  Инчунин  ба хоҷагиҳои зарардидаи  ҷамоати Балхобии ноҳияи  Муъминобод аз ҷониби ҷамъият  хайма ва  рахти хоб дода шуда, дар оянда низ ба онҳо кумак расонида мешавад.  

Май 19, 2014 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик