Кумаки «Ҳилоли Аҳмар» ба зарардидагон
Кӯлоб, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ҳамасола аз ҷониби ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҶТ дар минтақаи Кӯлоб моҳвораи «Ҳилоли Аҳмар» роҳандозӣ мегардад, ки масъулини ҷамъият бо аҳолии ҷамоатҳо вохӯрда, ба оилаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, кумакҳои иҷтимоӣ мерасонанд.
Ба иттилои котиби иҷроияи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Олимов, ҷамъияти мазкур ба зарардидагони офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб кумак расонид. То ин дам ба 70 оила дар ноҳияи Шӯрообод, 65 оила дар ноҳияи Восеъ, 40 оила дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва ба 50 оилаи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб кумаки яквақтаи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонида шуд. Инчунин ба хоҷагиҳои зарардидаи ҷамоати Балхобии ноҳияи Муъминобод аз ҷониби ҷамъият хайма ва рахти хоб дода шуда, дар оянда низ ба онҳо кумак расонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






