Кумаки Хадамоти гумрук ба маъюбон

Май 29, 2014 17:03

 Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода ).- Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ,  воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.
 Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти гумрук Неъматҷон Раҳматов  аз номи роҳбарияти хадамот ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо идашон табрик гуфта, зикр намуд, ки маъюбон ҳамеша таҳти сарпарастии Ҳукумати мамлакат  қарор доранд ва ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат- ин фароҳам овардани шароит барои зиндагӣ ва таҳсили шоистаи ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон мебошад.
  Дар чорабинии мазкур бо иштироки ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии лӯхтак ва  ғолибони озмуни «Овози тиллоӣ» барномаи фарҳангӣ доир гардида, зиёфат дода шуд.

 

Май 29, 2014 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд