Кумаки Сафорати ҶТ ба Ш.Мирзоев
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – Хидматчии ҳарбӣ Шаҳбол Мирзоев баъди муваффақона анҷом ёфтани амалиёти ҷарроҳии табибони Русия бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар ФР шоми 17 май тавассути ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» аз шаҳри Маскав ба Ватан фиристода шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод хабар дод.
«Қобили зикр аст, ки тайи ду шабонарӯзи охир кормандони масъули хадамоти консулӣ ба ташкили фиристодани бемор ба ватан машғул буда, ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин қазияро бо хадамоти махсуси фурудгоҳи Домодедово ва ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» мувофиқа мекарданд. Хароҷоти ба Ватан фиристодани сарбози тоҷик, аз ҷумла чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои 4 нафар, иҷораи нақлиёти табобатӣ ва хидматрасонии то фурудгоҳ овардани беморро Сафорати ҶТ дар ФР ба ӯҳда гирифт. Ғайр аз ин, пеш аз парвоз ба Шаҳбол як миқдор маблағ супурда шуд, ки онро худи кормандони сафорат ҷамъ карда буданд», — гуфт Муҳаммад Эгамзод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






