Лағви 8 қарор дар бораи ихроҷи муҳоҷирон аз Русия
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). – Бо мусоидати Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ва суди шаҳри Маскав 8 қарори судҳои ноҳиявӣ дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон лағв гардид.
Тавре ки аз Намояндагии ҶТ дар ФР хабар доданд, 10 апрел суди шаҳри Маскав аризаи шикоятии шаҳрванди ҶТ Шокирҷон Хуршедшоҳзодаро унвонии ҳуқуқшиносони Намояндагӣ дар мавриди қарори суди ноҳия дар бораи ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия қонеъ гардонид. Қаблан суди ноҳияи Перови шаҳри Маскав дар бораи ихроҷи Шокирҷон Хуршедшоҳзода ва аз ӯ ситонидани ҷарима дар ҳаҷми 5000 рубл қарор бароварда буд.
Суди шаҳри Маскав баъди баррасии ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ҳимоятгар қарори суди ноҳияро бо далели «вуҷуд надоштани қонуншиканӣ» бекор намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






