Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон дорувории ройгонро дастрас менамояд
Душанбе, 31.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дорувориро ба маблағи зиёда аз 29 миллион доллари амрикоӣ ба муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ва “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” дар Тоҷикистон 30 май тақдим намуд.
Ёрии башардӯстона аз ҷониби ширкатҳои дорусозии амрикоӣ хайрия шуда, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷаи ИМА ва лоиҳаи ҲОУП (“Имконоти тандурустӣ барои мардум дар тамоми ҷаҳон”) ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардидааст.
Ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз ҷумла Sanofi Pasteur, Merck, Eli Lilly, Hospira, GlaxoSmithKline, Alcon, Abbvie, Janssen ва Shire ин дорувориро ҳадя намуданд ва Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳамл ва нақли онро таъмин намуд. Ин хайрия, ки аз инсулин ба маблағи 5,4 миллион доллари амрикоӣ ва инчунин ваксинаҳои зидди кузоз ва гулӯзиндонак ба маблағи 10,2 миллион доллари амрикоӣ иборат аст, ба таври ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақсим хоҳад шуд. Лоиҳаи ҲОУП дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дармонгоҳҳоеро, ки ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доранд, интихоб кард ва таҳвили лавозимотро ҳамоҳанг намуд.
Ин ҳазорумин ҳамл ва нақли башардӯстона бо нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ИМА ба ин минтақа мебошад. Лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, дар Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб фаъол аст ва мавод ва таҷҳизоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 408 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






