Мақоми Турсунзода дар шеъри муосири тоҷик
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири тавоно Мирзо Турсунзода бо ибтикори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дирӯз дар толори фарҳангии донишгоҳ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд, ки паҳлуҳои мухталифи фаъолият ва эҷодиёти адибро бозгӯ намуд. Бо оғози маҳфил, ки «Ошёни баланд» номгузорӣ шуда буд, декани факултаи филологияи тоҷик Боймурод Шарифзода ин ташбеҳотро аз шеъри худи устоди сухан дониста, ҷойгоҳи эҷодии шоирро хеле барҷаста унвон кард.
Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов бо табрикоти самимонаи иштирокдорон ба шарафи 103-солагии шоир суханро аз «Мақоми Мирзо Турсунзода дар шеъри муосири тоҷик» оғоз бахшида, дар ин баробар нақши ӯро дар густариши дӯстии байни кишвари мо бо давлатҳои дигар тақдирсоз номид. Ба андешаи ӯ, Мирзо Турсунзода шоире буд, ки барои бисёриҳо роҳ кушод ва зиёд адибоне эҷоди шоирро сармашқи кори худ кардаанд. Ӯ иқрор кард, ки гарчи бархе мунаққидон ашъори солҳои 30-юми шоирро заиф мехонанду як андоза ба рӯи эҷодаш хок пошиданиянд, Мирзо Турсунзода шоири замони худ буду дар ин баробар шеърҳояш мақоми худро гум накардаанд. Ӯ бо зикри достони «Ҷони ширин» ва чандеи дигар вассофи иродати зан ва меҳнатқаринияш будани шоирро мисол овард, ки ин мавзӯи кушодаи устод ҳанӯз бори маънӣ мекашад ва мисол овард, ки Бозор Собир дар китоби тозанашраш «Лолаҳои сиёҳ» ҳамоно боз ҳам чун Турсунзода сано ба Мамлакат Наҳангова мегӯяд.
Абдуҷаббор Раҳмонов бо зикри «Миллати бе шоире анбори гил» баъди Лоҳутӣ ва Айнӣ Мирзо Турсунзодаро севумин шахсияте хонд, ки жанри достонро ривоҷ бахшид. Ӯ ду муваффақияти достони «Чароғи абадӣ»-ро шарҳ дод, ки дар услуби нигориш ва шинохти шахсияти Айнӣ устод Турсунзода ба даст овардааст. Ба қавли ӯ, то ин замон ин гуна чеҳраи адабии Айнӣ ва мақоми ӯро дар таъриху фарҳанг касе накшода буд. Дар ин баробар Абдуҷаббор Раҳмонов устод Турсунзодаро дар драматургияи замон пешгом донисту зикр кард, ки баъдан Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Нур Табаров ва дигарон бо ин пайроҳа гом бардоштаанд.
Дар ҳошияи ин гуфтаҳо Боймурод Шарифзода оммафаҳм будани эҷодиёти шоирро зикр кард. Ӯ бо тақвияти фикраш андешаи бикри шоир Бозор Собирро овард, ки: «Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора аз бар кардаем». Бад ин маънӣ, ки шеър бояд он гуна бошад, ки ҳам деҳқон бифаҳмад, ҳам зиёӣ ва ҳатто кӯдак. Шеъри Турсунзода ҳамин гуна аст.
Сипас, як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик шеърҳои Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд. Ҷолиб он буд, ки аз тарафи донишҷӯён «Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм» ва «Саҳар омад, саҳар омад, биё, ситораи ман» бо оҳанги диловез суруда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






