Маҳфили эҷодии Ӯлмас Ҷамол
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-17 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири шинохтаи ӯзбекзабон Ӯлмас Ҷамол маҳфили адабӣ доир гардид. Дар ҷамъомад шоиру нависандагони ҷумҳурӣ, намояндагони илму адаб, фарҳанг, мухлисони эҷодиёти устод Ӯлмас Ҷамол иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ оид ба фаъолият ва эҷодиёти соҳибҷашн сухан гуфта, афзуд, ки Ӯлмас Ҷамол шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф буда, дар рушди адабиёти муосир хизматҳои назаррас кардааст. Дар назди ҳозирин адибон Камол Насрулло, Сайидалӣ Маъмур, Гулрухсор, Шодмон Ҷӯраев, намояндагон аз Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд ва Хатлон сухан гуфта, аз ашъори Ӯлмас Ҷамол шеърҳо қироат намуданд.
Дар хатми маҳфили эҷодӣ шоир Ӯлмас Ҷамол ба Сарвари Давлат ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани фазои созгори эҷодӣ изҳори миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






