Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2014 17:41

Душанбе, 30.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» пешниҳод карда шуд.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ қабул шуд, ки мутобиқи он вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд ба ташкил ва рушди ин кори пурманфиат мусоидат намоянд.Дар фароварди маҷлис ба масъулини дахлдор доир ба татбиқи самарабахши натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Беларус ва ба Мамлакати Баҳрайн супоришҳои мушаххас дода шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки зимни се сафари хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои мазкур беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки татбиқи босамари онҳо боиси густариши бештари робитаҳо бо ин кишварҳо ва рушди намоёни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хоҳад шуд.Дастуру супоришҳо доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бунёди навбати дуюми Маркази барқугармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва то ба 400 мегаватт расондани иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар он, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, Комбинати металлургии Зарнисор дар шаҳри Истиқлол, Корхонаи коркарди миси ширкати муштараки Зарафшон дар шаҳри Панҷакент, Корхонаи истеҳсоли трактор ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони беларусӣ ва оид ба амалисозии бисёр тавофуқоти дигари дар ин се кишвар ҳосилшуда дода шуд.Доир ба вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 30, 2014 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад