Мактаби нав барои туркманҳои ноҳияи Ҷиликӯл
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ сохта мешавад. Имрӯз, 5 май Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби мазкур ба имзо расид.
Инчунин миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва сайёҳӣ созиш ҳосил шуда, як зумра барномаҳо, аз ҷумла барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои соли 2015 қабул шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






