«Ман ҳаёти солимро интихоб мекунам»-озмун

Май 3, 2014 09:42

Хоруғ, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бахшида ба 15-солагии таъсиси Раёсати Агентии назорати  маводи мухаддири назди Президенти ҷумҳурӣ байни хонандагони макотиби шаҳри Хоруғ  озмун зери унвони «Ман ҳаёти солимро интихоб мекунам» доир гардид. Ин озмун бо кӯмаку дастгирии шуъбаи маориф, хадамоти тандурустии Оғохон, муассисаи давлатии Маркази ҷавонон роҳандозӣ шуда, хонандагон ба ҳакамон   расм ва иншои таълифнамудаи худро пешниҳод намуданд. 
Нозири шуъбаи пешгирии маводи нашъаовари раёсат  Гев Ошӯрмамадов иброз дошт, ки  чунин чорабиниҳоро мо ҳамасола бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин маводи марговар баргузор мекунем, то тавонем насли наврасро ҳарчӣ бештар аз паёмадҳои фоҷиабори ин мавод огоҳ созем. 
   Озмун ҷамъбаст гардида, дар бахши расми беҳтарин Ҳимматбек Шодмонбеков мақоми аввал ва Мамаднабӣ  Фидолиев соҳиби ҷойи дувум гардиданд. Дар бахши иншои беҳтарин Дилноза Абдуллобекова ҷойи якум ва  Муштарӣ Ошӯрмамадова ҷойи дуввумро  ба даст оварданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ сарфароз гардиданд.

Май 3, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик