«Ман ҳаёти солимро интихоб мекунам»-озмун
Хоруғ, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бахшида ба 15-солагии таъсиси Раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҷумҳурӣ байни хонандагони макотиби шаҳри Хоруғ озмун зери унвони «Ман ҳаёти солимро интихоб мекунам» доир гардид. Ин озмун бо кӯмаку дастгирии шуъбаи маориф, хадамоти тандурустии Оғохон, муассисаи давлатии Маркази ҷавонон роҳандозӣ шуда, хонандагон ба ҳакамон расм ва иншои таълифнамудаи худро пешниҳод намуданд.
Нозири шуъбаи пешгирии маводи нашъаовари раёсат Гев Ошӯрмамадов иброз дошт, ки чунин чорабиниҳоро мо ҳамасола бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин маводи марговар баргузор мекунем, то тавонем насли наврасро ҳарчӣ бештар аз паёмадҳои фоҷиабори ин мавод огоҳ созем.
Озмун ҷамъбаст гардида, дар бахши расми беҳтарин Ҳимматбек Шодмонбеков мақоми аввал ва Мамаднабӣ Фидолиев соҳиби ҷойи дувум гардиданд. Дар бахши иншои беҳтарин Дилноза Абдуллобекова ҷойи якум ва Муштарӣ Ошӯрмамадова ҷойи дуввумро ба даст оварданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






