Машварат оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли оянда
Душанбе 28.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба омодагии иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ баргузор шуд. Дар машварат, аз ҷумла масоили омодагии марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими сармо, таъмини пойтахти мамлакат бо барқу гармӣ ва таъмини иншооти барқу гармидиҳӣ бо ангиштсанг ва дигар маводи сўхт мавриди баррасӣ қарор гирифт.Тавре ки таъкид гардид, иқтидори Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе дар давоми соли равон ба 100 мГв расонида шуда, бунёди хатҳои гармидиҳанда ва пайванди ин Маркази барқу гармидиҳӣ бо Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида шавад.Сарвазири мамлакат барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015», таъмин ва захира кардани маводи сўхт ва ангиштсанг барои кори бемайлони марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






