Масоили бахши истеҳсоли гандум дар шароити тағйири иқлим
Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи муштараки Ҳукумати ҶТ, USAID ва Барномаи рушди СММ аз 29 то 30 май дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалии «Вазъият ва масоили бахши истеҳсоли гандум дар шароити тағйири иқлим» баргузор мегардад. Дар конфронс баробари намояндагони созмонҳои мухталифи миллию байналмилалӣ, вакилони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ, муҳаққиқон ва иқлимшиносон иштирок менамоянд. Мушовири Лоиҳаи равобит бо аҳли ҷамъият Нигора Остонова дар ин бора хабар дод.
Ҳадафи асосии конфронс шиносоӣ бо вазъияти бахши истеҳсоли гандум, омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин тарҳрезии тадбирҳои стратегӣ барои ҳалли проблемаҳои рушди устувори истеҳсоли гандум дар шароити тағйир ёфтани иқлим ва бехатарии маводи ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҷараёни конфронс проблемаҳои асосии рушди бозори ғалла мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаи ҳосилнокӣ дар соли 2013 ва кишти ғалла дар соли 2014, ҳамчунин проблемаҳои асосии пешбинии вазъи обу ҳаво ва таъсири тағйири иқлим ба бахши истеҳсоли гандум дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






