Масоили бахши истеҳсоли гандум дар шароити тағйири иқлим

Май 24, 2014 11:05

  Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). —  Дар  ҳошияи  татбиқи лоиҳаи  муштараки Ҳукумати  ҶТ,  USAID  ва  Барномаи  рушди  СММ  аз 29  то  30  май  дар  шаҳри  Душанбе  Конфронси  илмию  амалии «Вазъият  ва масоили  бахши  истеҳсоли  гандум  дар  шароити  тағйири  иқлим» баргузор  мегардад.  Дар  конфронс  баробари намояндагони  созмонҳои  мухталифи  миллию  байналмилалӣ,  вакилони ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ, муҳаққиқон  ва  иқлимшиносон   иштирок  менамоянд. Мушовири Лоиҳаи равобит  бо  аҳли  ҷамъият  Нигора  Остонова  дар  ин  бора  хабар  дод.
Ҳадафи  асосии  конфронс  шиносоӣ бо  вазъияти бахши истеҳсоли  гандум,  омӯзиши   таҷрибаи   Қазоқистон  ва  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ,  ҳамчунин тарҳрезии  тадбирҳои  стратегӣ барои  ҳалли  проблемаҳои   рушди  устувори  истеҳсоли  гандум  дар  шароити  тағйир  ёфтани  иқлим  ва  бехатарии маводи  ғизоӣ дар Осиёи  Марказӣ  мебошад.
Дар  ҷараёни  конфронс проблемаҳои  асосии   рушди  бозори  ғалла  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифта,  натиҷаи  ҳосилнокӣ   дар  соли  2013 ва кишти  ғалла дар  соли  2014,  ҳамчунин  проблемаҳои  асосии  пешбинии  вазъи  обу ҳаво ва таъсири  тағйири  иқлим  ба  бахши  истеҳсоли  гандум   дар  минтақаи Осиёи  Марказӣ  муҳокима  мешаванд.

Май 24, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!