МБС дар бораи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Май 19, 2014 11:57

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Фарзона  Достонзода). – Имрӯз намояндагони  бахши  сайёҳии  Тоҷикистон дар  шаҳри  Душанбе  мизи  мудаввар  доир  намуда,  мавзӯи  тадқиқоти  Маркази  байналмилалии  савдо  дар  бораи   имкониятҳои  сайёҳӣ дар  Тоҷикистонро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.  
Тавре  ки  аз  Маркази байналмилалии  савдо  ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  тадқиқот аз ҷониби  мушовири  маркази  мазкур  оид ба  сайёҳӣ Франсуа  Лоран  зимни  ҳамкорӣ  бо  ду  нафар  мушовирони  соҳаи  сайёҳӣ  ва  косибони  Тоҷикистон  сурат  гирифт.
Дар  ҷараёни тадқиқот  вазъи  ҳозира,   ҳамчунин  имконияти   рушду  густариш  бахшидани  соҳаи сайёҳии  Тоҷикистон таҳлил  шуд.
Қобили  зикр  аст, ки   соли  гузашта  Франсуа  Лоран   ҳангоми  сафараш  ба  Тоҷикистон имкониятҳои бахши  сайёҳии Тоҷикистонро  арзёбӣ  намуда буд. Иштирокдорони  мизи  мудаввар  натиҷаи   арзёбии Франсуа  Лоранро ба  инобат  гирифта,  лоиҳаи  нави   дастгирии  бахши  сайёҳии  кишварро  таҳия  менамоянд. 
Хотирнишон  месозем, ки  муаррифии тадқиқот  дар  ҳошияи   лоиҳаи Маркази байналмилалии  савдо – «Тоҷикистон: таҳкими рақобатпазирии  содиротии   корхонаҳои  хурду  миёнаи  соҳаи  нассоҷию  дӯзандагӣ ва  афзун  намудани нерӯи   ниҳодҳои дастгирии тиҷорат  дар  ҶТ» роҳандозӣ  мешавад. 

Май 19, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст