МБС дар бораи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Имрӯз намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир намуда, мавзӯи тадқиқоти Маркази байналмилалии савдо дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тадқиқот аз ҷониби мушовири маркази мазкур оид ба сайёҳӣ Франсуа Лоран зимни ҳамкорӣ бо ду нафар мушовирони соҳаи сайёҳӣ ва косибони Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҷараёни тадқиқот вазъи ҳозира, ҳамчунин имконияти рушду густариш бахшидани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҳлил шуд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта Франсуа Лоран ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон имкониятҳои бахши сайёҳии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда буд. Иштирокдорони мизи мудаввар натиҷаи арзёбии Франсуа Лоранро ба инобат гирифта, лоиҳаи нави дастгирии бахши сайёҳии кишварро таҳия менамоянд.
Хотирнишон месозем, ки муаррифии тадқиқот дар ҳошияи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо – «Тоҷикистон: таҳкими рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва афзун намудани нерӯи ниҳодҳои дастгирии тиҷорат дар ҶТ» роҳандозӣ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






