Метрологҳо ҳам минбаъд ид доранд
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 май ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд. Тибқи он минбаъд 25 май дар Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология таҷлил мегардад.
Зиёратшо Саъдулло- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Парлумон пешниҳод гардидааст. Ҳадафи он муқаррар кардани иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи ҷумҳурӣ ва рӯҳбаланд кардани кормандони ин соҳа мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






