Меъёри бозтамвил тағйир ёфт

Май 21, 2014 09:58

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 5,9 фоизи солона муқаррар гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, тағйироти навбатӣ бо назардошти коҳиши рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии тиҷорат, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 10 январи соли равон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар шуда буд.

Май 21, 2014 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд