Моҳи август сарнавишти бунёди «Роғун» ниҳоӣ мегардад
Душанбе, 31.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Моҳи июн лоиҳаи ҳисобот оид ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии «Роғун» нашр мегардад». Ин матлабро Сароҷ Кумар Ҷа — мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 30 май дар Душанбе иброз дошт.
Сароҷ Кумар Ҷа ҳамзамон гуфт, ки дар моҳи июл лоиҳаи мазкур дар ҷараёни вохӯрии намояндагони кишварҳои соҳили Омударё мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Назар ба иттилои мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ҳисоботи ниҳоӣ баъд аз омӯзиши афкори мардуми минтақа дар моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






