Мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои занони ҳомила
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вазорат тибқи барномаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии сифати кӯмаки тиббӣ ба модарону навзодон дар вилояти Хатлон, марҳилаи I — II» бо мақсади дастрасӣ ва беҳтарсозии ёрии тиббии фаврӣ ба аҳолӣ барои беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва Хамадонии вилояти Хатлон 3 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим намуд.
Зимни супоридани мошинҳо ба масъулони ноҳияҳои номбурда муовини вазир Наврӯз Ҷунайдуллоев гуфт, ки ҳадафи асосӣ ин сари вақт расонидани кӯмаки тиббӣ ба занони ҳомила аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки нақлиёти мазкур имконияти расонидани кӯмаки босифат ва саривақтиро барои занон ҳангоми таваллуд дорад ва аз он бояд самаранок истифода кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






