Муҳоҷирони тоҷик қарзҳояшонро гирифтанд
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР қарзи маоши муҳоҷирони тоҷик дар ҳаҷми 150 ҳазор рубл пардохта шуд.
Сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ихтиёр Муродзодӣ, ки дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав кор мекард, роҳбарияти тарабхона бо сабабҳои номаълум пардохти маоши мавсуфро ба таъхир гузошт.
Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, баъди сӯҳбати корманди намояндагӣ роҳбарияти тарабхона қарзро пурра пардохт.
Ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон Таҳмина Иноятова, ки дар яке аз ширкатҳои табобатии шаҳри Маскав кор мекунад, бо мусоидати Намояндагӣ қарзи маошашро дар ҳаҷми 22 ҳазор рубл ба даст овард.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, бо мусоидати Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва ФР дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳаҷми беш аз 4 миллион рубл пардохта шуд.
Соли 2013 ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон беш аз 21 миллион рубл пардохта шуд, ки назар ба соли 2012 баробари 3 миллион рубл зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






