Муҳокимаи амнияти минтақа аз ҷониби 14 давлат

Май 14, 2014 09:48

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Ин лаҳзаҳо дар Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  конфронси  илмию  амалии  байналмилалии «Созмони Ҳамкории  Шанхай дар  таъмини амнияти минтақа: масъала ва  дурнамо» ҷараён дорад.
Дар кори конфронс олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои созмон-Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кишварҳои нозири созмон-Афғонистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Покистон, Эрон ва шарикони муколамаи Созмон-Беларус, Туркия ва Шри-Ланка иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Конфронсро директори Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар оғоз кард. Дар ифтитоҳи расмии кори конфронс сухани табрикотии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни конфронс садо дод, ки онро ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода қироат намуд. Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмон бо суханронии кӯтоҳ иштирокчиёнро шодбош гуфаанд.
Дар қисми якуми бахши аввали конфронс таҳти унвони «Созмони Ҳамкории  Шанхай ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ баъди соли 2014» оғоз гардид, ки дар он суханронӣ ва мубодилаи афкори намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, масъулини дафтари Маркази минтақавии зиддитерористии СҲШ ва СПАД оид ба мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ, ҷойгоҳи СҲШ дар ин раванд ва масъалаҳои таҳкими суботу амнияти давлатҳои аъзо ва кишварҳои нозиру шарики муколама мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Конфронс ду рӯз идома меёбад.
 
 
 

Май 14, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик