Муҳокимаи дурнамоии ҳамкории МОИ «Суғд» бо GIZ
Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Чанде пеш мушовири оид ба масоили рушди сиёсати иқтисодӣ ва бахши инфиродӣ дар Ҷамъияти олмонии оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) Марк Бекманн ва атташеи бахши тиҷорати Сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе Фаррух Султонов аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуданд.
Мақсад аз ин боздид муҳокимаи самтҳои имконпазири ҳамкории минбаъда, лоиҳаҳои дурнамои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дастгирии рушду густариши он буд.
Роҳбари маъмурият Фирдавс Олимов аз фаъолияти асосии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» мухтасар нақл карда, лоиҳаи инвеститсионӣ ҷиҳати сохтмони шохаи роҳи оҳан аз истгоҳи «Спитамен» то Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» — ро, ки ҷузви Стратегияи рушди Тоҷикистон барои соли 2017 маҳсуб меёбад, муфассал шарҳ дод.
Марк Бекманн дар навбати худ зикр намуд, ки маълумот дар бораи фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ҷиҳат и таҳияи лоиҳаи стратегии фаъолияти GIZ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2018 мавриди истифода қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






