Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи политсия»
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия вобаста ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» кори худро идома дод.
Дар ҷаласаи навбатӣ роҳбари гурӯҳ, муовини вазири корҳои дохилӣ Умаров Икром Исломович, ходими хизматнишондода ва ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Русия, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Аврутин Юрий Ефремович ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо назардошти рушду тараққиёти ҷамъият бояд ҳамаҷониба омӯхта шуда, дар он ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан ҳамбастагӣ бо ҷомеа дар бар гирифта шавад. Мавқеи политсия дар низоми мақомоти давлатӣ, вазифаю уҳдадориҳо, кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва дигар самтҳои муҳиме, ки фаъолияти политсияро муайян менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Икром Исломович ба профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Аврутин Юрий Ефремович унвони доктори фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






