Муҳокимаи масъалаи навсозии биноҳои сарфакунандаи барқ

Май 7, 2014 11:15

Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Назир  Назиров). —  6  май  семинари  дурӯза  дар  мавзӯи  «Навсозии  биноҳои  сарфакунандаи  барқ»  дар  ҳошияи  лоиҳаи «Муносибати муштарак ба  рушди  кишварҳои аз  нигоҳи  иқлим  мусоиди Осиёи  Марказӣ»  ба  кораш  шурӯъ  намуд. 
Семинар  бо  ибтикори Маркази  минтақавии  экологӣ  бо  роҳбарии  профессор,  узви  вобастаи  Академияи  муҳандисии  ҶТ Абдулҳамид Қаюмов ва бо  дастгирии  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти назди  Ҳукумати  ҶТ  роҳандозӣ  шудааст. 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  мақсад  аз  семинар  шинос  намудани  иштирокдорони он  бо  вазъи  биноҳои  сарфакунандаи  барқ  дар  Олмон,  аҳамияти лоиҳаҳои таҷрибавӣ   барои   навсозии биноҳои  истиқоматӣ  ва  ғайра  мебошад.
Дар  семинар  намояндагони  маъмурияти   шаҳр  ва  ҳукумат,  шахсони   масъули   навсозии  биноҳои  истиқоматию  ҷамъиятӣ  иштирок  доранд.
Яке  аз  иштирокдорони  семинар,  профессори  донишгоҳи  Берлин,  роҳбари лоиҳаҳои  Ибтикороти  «Хоҷагии  манзилӣ дар  Аврупои  Шарқӣ» Бернҳард  Швартс ҳозиронро  бо  таҷрибаи  кишварҳои  Аврупои  Шарқӣ  дар  бахши коҳиш  додани  талафоти барқи  биноҳои хонаҳои  бетонӣ шинос  намуда,  навореро  бахшида ба  ин  мавзӯъ  намоиш  дод.

Май 7, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад