Муҳокимаи масъалаи навсозии биноҳои сарфакунандаи барқ
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Назир Назиров). — 6 май семинари дурӯза дар мавзӯи «Навсозии биноҳои сарфакунандаи барқ» дар ҳошияи лоиҳаи «Муносибати муштарак ба рушди кишварҳои аз нигоҳи иқлим мусоиди Осиёи Марказӣ» ба кораш шурӯъ намуд.
Семинар бо ибтикори Маркази минтақавии экологӣ бо роҳбарии профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ Абдулҳамид Қаюмов ва бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ роҳандозӣ шудааст.
Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз семинар шинос намудани иштирокдорони он бо вазъи биноҳои сарфакунандаи барқ дар Олмон, аҳамияти лоиҳаҳои таҷрибавӣ барои навсозии биноҳои истиқоматӣ ва ғайра мебошад.
Дар семинар намояндагони маъмурияти шаҳр ва ҳукумат, шахсони масъули навсозии биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ иштирок доранд.
Яке аз иштирокдорони семинар, профессори донишгоҳи Берлин, роҳбари лоиҳаҳои Ибтикороти «Хоҷагии манзилӣ дар Аврупои Шарқӣ» Бернҳард Швартс ҳозиронро бо таҷрибаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар бахши коҳиш додани талафоти барқи биноҳои хонаҳои бетонӣ шинос намуда, навореро бахшида ба ин мавзӯъ намоиш дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






