Муҳокимаи масъалаи тарбияи муҳоҷирон
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Чанде пеш дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбари Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев ва директори Муассисаи давлатии таҳсилоти буҷавии Коллеҷи бахши хидматрасонии рақами 44 шаҳри Маскав Кирилл Мирошкин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилотӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбҳои гуногуне, ки бозори меҳнати Русия ба онҳо зарурат дорад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи Кирилл Мирошкин, коллеҷ барои тарбияи мутахассисони бахши таҳсилоти миёна имкониятҳои моддию техникиро дорад.
Асрор Одинаев дар навбати худ қайд намуд, ки мутахассисони муасисаҳои дахлдор ва муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурӣ ба омӯхтани забони русӣ ва аз худ кардани касбҳои гуногун зарурат доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






