Муҳокимаи меҳнати маҷбурии кӯдакон
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов рӯзи 19 май бо намояндагони Вазорати меҳнати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Волкмир ва Рэналд Хикс мулоқот намуд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани ҳолатҳои истифодаи меҳнати маҷбурии кўдакон дар ҷамъоварии пахтаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар мулоқот масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон муҳокима гардид.
Вохўрии мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳоро дастгирӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






