Муҳокимаи меҳнати маҷбурии кӯдакон

Май 20, 2014 11:01

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин  Сангинов рӯзи 19 май бо намояндагони Вазорати меҳнати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Волкмир ва Рэналд Хикс мулоқот намуд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани ҳолатҳои истифодаи меҳнати маҷбурии кўдакон дар ҷамъоварии пахтаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар мулоқот масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон муҳокима гардид.
Вохўрии мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳоро  дастгирӣ намуданд.
 
 

Май 20, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад