Муҳокимаи мубориза алайҳи силоҳ
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири фавкулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Сиалро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва силоҳ табодули назар карданд.Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯз аз рӯз вусъат ёфта, робитаи тарафайн дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таҳким меёбад.Амҷад Ҳусейн Сиал изҳор кард, ки ҷониби Покистон омода аст, баҳри амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта бошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






