Мулоқотҳои С.Аслов дар доираи Конфронси Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд
Душанбе, 30.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд вохӯриҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд, аз ҷумла бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ, бо муовини Дабири кулли СММ Сусана Малкорра ва намояндаи Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ баргузор шуданд.
Дар мулоқоту суҳбатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
30 майи соли 2014 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ бахшида ба 50-солагии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат варзид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






