Мулоқот бо Муовини аввали Вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ
Душанбе, 05.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Вазири авқофи Давлати Кувайт, Раиси Маркази ҷаҳонии «Васатия» Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгироии кишварҳои мусулмонӣ баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки “кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ба мақсади таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда, андешидани чораҳои мушаххас барои аз байн бурдани фарқият миёни кишварҳои сарватманд ва фақир ба манфиати кулли Уммат аст”.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою иртиҷоӣ, ки аз номи поки дини мубини ислом ба манфиати худ сӯйиистифода мекунанд, сурат гирифт.Зикр гардид, ки Маркази ҷаҳонии «Васатия» чун созмони миёнарав дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва тарғиби оини таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳони ислом мавқеи устувору муассир дорад.Ба гуфти Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, Давлати Кувайт омода аст, ки намояндагии Маркази ҷаҳонии «Васатия»-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мутахассисони тоҷикро барои кор дар ин самт омода созад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






