Мулоқоти қодири қосим бо мушовири девони Амири Давлати Кувайт

Май 3, 2014 16:25

Душанбе, 3.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — 3 майи соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқр баргузор гардид.
Қодири Қосим қайд намуд, ки муносибатҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Кувайт тайи солҳои охир, бахусус баъди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар моҳи октябри соли гузашта беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунанд ва дар ин самт пешравиҳои чашмгир низ ҳосил шудаанд. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид, ки муҳтавои асосии он ба инкишоф додани муносибатҳо ҷиҳати муваффақ шудан ба манфиатҳои умумӣ дар тамоми самтҳо равона гардида буд. 
Раиси Кумита таваҷҷуҳи меҳмонро ба бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама ба самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника ҷалб намуда, ҳамкории судмандро дар соҳаҳои ёриҳои башардўстона, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, сайёҳӣ, бонкдорӣ, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ѓайра ҷалб намуд ва афзуд,ки захираю имконоти Тоҷикистон хеле фаровонанд ва метавонанд ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Давлати Кувайт тақвият бахшанд.
Дар навбати худ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқр иброз дошт, ки аз эҳтирому меҳмоннавозии хосаи мардуми тоҷику тоҷикистониён хеле мамнун аст. Тоҷикистон дар ҳақиқат воҳаи нотакрорро мемонад, ман ин кишвари зеборо ҷолиб дарёфтам. Дар ҳақиқат ҳамкориҳои судманду дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт пайваста такомул меёбанд ва дар ин ҷода саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баѓоят калон аст. Шахсан ман он касонро пешвои худ медонам, зеро сафҳаи зиндагиашон намунаи ибратанд. Ман ба он саъю талош мекунам, ки ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Кувайт бемайлон рушд кунандва ва барои муваффақиятнок амалӣ гаштани ин матлаб ман имконоту дастрасии комил дорам.
Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Намояндагии Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.

Май 3, 2014 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд